Дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии нимфиналии Parimatch - Ҷоми футболи Тоҷикистон тими “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳ ёфт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, тӯби ягонаро ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиаи 51-ум Абдураҳмон Нозимов ба самар расонид.
Тими “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, ҳарифаш дар бозии финалӣ имрӯз аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ байни дастаҳои “Хатлон” (Бохтар) - “Истаравшан” (Истаравшан) муайян мешавад.
Дар маълумоти ФФТ таъкид мешавад, ки бори нахуст дар таърихи ин мусобиқа дастаи лигаи якум ба даври финалӣ роҳхат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар давраи чаҳорякфиналии мусобиқа “Равшан” бо ҳисоби 4:2 тими “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дод. Дар натиҷа “Истиқлол” бори нахуст дар таърихи худ дар даври чаҳорякфиналӣ аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста