Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 1 феврал дар ҷамъомади таълимӣ ва машқҳои ҷисмонӣ дар Дубай бо тими миллии мунтахаби Урдун бозии рафиқона гузаронид.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) доир гардида, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони Урдун анҷом ёфт, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 37-ум бо зарбаи 11-метра кушода шуда, тӯби дуюм дар охири қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 5 феврал дар Дубай байни мунтахабҳои футболи Урдун ва Тоҷикистон бозии дуюми рафиқона доир мегардад. Ин вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.