Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯзи 7-уми август радабандии нави дастаҳои мунтахаби занонаи ҷаҳонро нашр кардааст.

Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ се зина поён рафта, бо доштани 950.20 хол дар мақоми 158-ум қарор гирифт. Дар радабандии қаблӣ дастаи занонаи кишвари мо зинаи 155-умро касб карда буд.

Ба гузориши ФИФА, дар умум дар радабандӣ 196 тими занона ҳузур доранд. Дар садри радабандии навшуда тағйирот рух додааст. Дастаи мунтахаби бонувони Испания, ки ахиран ба финали Қаҳрамонии Аврупо расида буд, Амрикоро аз ҷои нахуст канор зад ва худаш дар ин рутба қарор гирифт.

Даҳгонаи аввали тимҳои занонаи радабандии ФИФА:

1. Испания – 2066,79;

2. Амрико– 2065,06;

3. Суис (Шветсия) – 2025,26;

4. Англия – 2022,64;

5. Олмон – 2011,56;

6. Фаронса – 1988,68;

7. Бразилия – 1976,30;

8. Ҷопон – 1971,05;

9. Канада – 1967,83;

10. Куриёи Шимолӣ – 1944,22.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи занонаи Ӯзбекистон мавқеи беҳтар дорад ва бо 1487,67 хол  дар ҷои 52-ум аст. Пас аз ин даста, Қазоқистон бо доштани 1175,94 имтиёз зинаи 108-ум, Туркманистон бо доштани 1063,88 имтиёз зинаи 138-ум, Қирғизистон бо доштани 1062,41 имтиёз зинаи 139-ум ва Тоҷикистон бо доштани 950,20 имтиёз зинаи 158-умро касб кардаанд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа аз ҳама мавқеи поёнтар дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.