Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кишвари ҳамсоя ба иллати қарзи Тоҷикистон, ки беш аз $7 миллионро ташкил медиҳад, боз ҳаҷми интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш дод.
Муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор ҳудуди 528 ҳазор метри мукааб (наздик ба 22 ҳазор метри мукааб дар як соат)
газ интиқол дода мешуд. Ҷанде қабл ин рақам ба 30-40 ҳазор метри мукааб баробар буд.
«Ба иллати напардохтани маблағи қарзи истифодаи газ давлати ҳамсоя интиқоли онро коҳиш дод, - гуфт ӯ. - Айни замон маблағи қарзи истифода аз газ 7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад».
Мувофиқи маълумоти Ш.Шоимов, феълан Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» (Корхонаи алюминии Тоҷикистон) дар ҳаҷми пурра газ мегирад ва қисман онро Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиказот» истифода мебарад, ки дар он як хати истеҳсол фаъолият дорад.
Ба қавли ӯ, қарздорони асосӣ ширкати «Барқи тоҷик» ($3,8 млн.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ($2,5 млн.) мебошанд ва интиқоли газ ба корхонаи «Тоҷиксемент» қатъ карда шудааст.
«Агар ширкату корхонаҳои мазкур мабалағи қарзро пардохт кунанд, дар он сурат «Тоҷикгаз» низ бо ҷониби Ӯзбекистон ҳисоббаробарӣ намуда, бобати барқарорсозии интиқоли газ дар ҳаҷми пурра гуфтушунид мекард», - афзуд Ш.Шоимов.
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад
Ҳамаи мусофирону сарнишинони ҳавопаймо ва чархболе, ки дар Вашингтон ба ҳам бархӯрданд, ба ҳалокат расидаанд
Нигаронии додситони минтақаи Кӯлоб аз афзоиши чашмраси худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар минтақа
Вазир гуфт, дар мактабҳо 281 омӯзгор намерасад ва соҳа ба беш аз 4 ҳазор муаллим эҳтиёҷ дорад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ишқи ғуломи ҳиндӣ ба духтари арбоб”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 январи соли 2025
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста