Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанд рӯз пештар Вазорати молияи Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» қисмати саввуми қарзи ҳукуматиро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ҷудо кард.
Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маблағҳои мазкур барои дастрас намудани маводи сӯзишвориву молиданӣ, нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоту техникае, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта заруранд, истифода карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, маблағ ба андозаи баробар (5 миллион сомонӣ) миёни вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим мегардад.
Қобили зикр аст, ки аз маблағи умумии 130 миллион сомонӣ ҷудошудаи қарзи ҳукуматӣ барои татбиқи механизми нави таъмини молиявии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ,
қисмати аввалу дуввуми маблағҳо 30 миллион сомониро ташкил доданд.
Қаблан муовини раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова иттилоъ дода буд, ки маблағҳои мазкур дар байни 533 хоҷагии пахтакори вилояти Суғду Хатлон ҷудо гардиданд, ки қарзи ҷудогардида ба вилояти Суғд 10 миллион сомонӣ ва ба вилояти Суғд
20 миллион сомонӣ рост меомад.
«Амонатбонк» ба хоҷагиҳои пахтакор аз рӯи андозаи 18% қарз ихтисос медиҳад.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста