Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси нахустини Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ баргузор гашт.

Дар маҷлиси   нахустини Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Асоциатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева, Директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма, Директори Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд (USAID) дар Тоҷикистон Кэролин Брайн, роҳбарони як зумра корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷии   дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, аз ҷумла Президенти ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон лимитид»   (Tethys Petroleum) ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

            Дар маҷлиси нахустин пеш аз ҳама масъалаҳои ташкили кор баррасӣ шуданд. Аз ҷумла сохтор ва усули кори Шӯро, низомномаи Котиботи он, тарзи интихоб ва ивазшавии аъзои ғайридоимӣ   тасдиқ карда шуданд.

            Ҳамин тариқ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ аз 9 аъзо иборат буда, таҳти раёсати    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири мамлакат, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Котиби масъули Шӯро, намояндаи доимии   Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон, Директори Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд ва роҳбари Котибот аъзои доимии Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ ба шумор мераванд.

            Аъзои ғайридоимии Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанию хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда бо пешниҳоди ҷомеаи соҳибкорӣ интихоб карда мешаванд.

            Зимни муҳокимарониҳои имрӯза дар маҷмӯъ аз фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ амалӣ карда мешаванд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Фаъол шудани механизми «Тирезаи ягона» барои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва эълони мароторияи дусолаи худдорӣ аз санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз тадбирҳои пурарзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод гаштанд.

            Президенти ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон лимитид» Девид Робсон изҳор дошт: «Ман ҳамчун сармоягузори хориҷӣ аз фазои инвеститсионии Тоҷикистон хушҳолам, мушкилӣ шояд танҳо дар он бошад, ки дар ин бора дигар сармоягузорон хуб   иттилоъ надоранд».

            Ба гуфти   Раиси Асоциатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева Тоҷикистон дар соли 2008-ум аз рӯйи нишондоди рейтингии «Иҷрои қарордодҳо» дар ҷаҳон ҷойи 23-юмро ишғол намуда, аз Британияи Кабир, Шветсария, Қазоқистон ва 152 кишвари дигар пеш гузаштааст. Аз рӯйи нишондоди «Бақайдгирии моликият» бошад ҷойи 43-юмро ишғол намуда, аз Олмон, Япония, Италия, Гонконг, Россия ва бисёр кишварҳои дигар болотар ҷой гирифтааст.

            Қарор шуд, ки дар ҳар як маҷлиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ як масъала баррасӣ гардад. Ба баррасии маҷлиси ояндаи Шӯро масъалаи такмили низоми иҷозатномадиҳию назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки бо фаъол гаштани ин шӯро ва ба машварат бо ҳукумат ҷалб шудани худи соҳибкорон ва созмонҳои мададрасон баҳри расидан ба ҳадафҳои муайяншуда ва таъмин кардани пешрафту тараққиёти бештари иқтисоди кишвар натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.