Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.

29 июли соли 2008 Ҳамрохон Зарифӣ дар сеюмин Ҷаласаи сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа тамоми масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуданд.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гашт. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин дар кори Конфронси XV Ҳаракати кишварҳои ғайримутаҳид, ки кори худро 30 июли соли 2008 анҷом бахшид, иштирок дошт.

  30 июли соли 2008 Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии ҶИЭ Алӣ Лориҷонӣ, Котиби Шӯрои Олии амнияти миллии ҶИЭ доктор Саид Ҷалилӣ мулоқот намуд.

             Вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон бо Вазири умури хориҷаи ҶИЭ доктор Манучеҳр Муттақӣ ва Вазири нерӯи ҶИЭ, раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ҶИЭ бо ҶТ доктор Саид Парвизи Фаттоҳ баргузор шуданд. Дар ҷараёни ин гуфтушунидҳо маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

Зимни сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ ба мусоҳибонаш дар бораи вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷкистон, лоиҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва дурнамои онҳо барои кишвар ва минтақа иттило дод. Ӯ қайд кард, ки ин лоиҳаҳо на танҳо барои рушди ҷумҳурӣ, балки барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат ҳоҳанд кард. Ҳ. Зарифӣ таъкид кард, ки тамоми ин лоиҳаҳо бо дарназардошти манфиятҳои натанҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардида буданд. Аз ҷумла, бо дарназардошти ақидаҳои ҷониби Ӯзбекистон оиди лоиҳаи сохтмони НОБ дар дарёи Зарафшон коршиносони мустақил аз Олмон даъват шуда буданд. Кори ба сомон расондашудаи онҳо баёнгари он гардид, ки сохтмони НОБ ҳеҷ зараре ба кишвари ҳамсоя намерсонад ва баръакс, фоида меорад.

Дар навбати худ мусоҳибон қайд карданд, ки ҷониби Эрон ҷиҳати амалисозии тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи феврали соли ҷорӣ ҳосил шудаанд, фаъолона кор мебаранд. Минҷумла, масъалаҳои маблағгузории тунели «Чормағзак» ҳаллу фасл гардидаанд.

Дар мулоқотҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар соҳаи иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуд.

Ҷониби Эрон ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сеҷониба мароқ доштани худро изҳор намуд. Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки сохтмони хатҳои барқ барои Афғонистон ва Эрон аҳамияти бузург дорад.

Ғайр аз ин ҷониби Эрон барои баррасии муфассали лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика пешниҳод намуд, ки вазирони энергетикаи се кишвар дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки дар охирҳои августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Дар вохӯрӣ бо Вазири умури хориҷаи ҶИЭ доктор Манучеҳр Муттақӣ дар баробаримасъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, инчунин мавзӯи ҳамкориҳои фарҳангӣ низ муҳокима гардид. Манучеҳр Муттақӣ пешниҳоди ҳамтои худро оиди таҳияи филми бадеии «Куруши Кабир», ки стсенарияи онро нависандаи тоҷик Бароти Абдураҳмон омода сохтааст, хуб пазируфт.

Пас аз анҷоми ин мулоқот аз ҷониби Ҳамрохон Зарифӣ ва Манучеҳр Муттақӣ Барномаи ҳамкорҳо миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломи Эрон барои солҳои 2008-2009 ба имзо расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.