Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 26--и Қӯрғонтеппа, ки дар таърихи 10-уми августи соли равон доир гашт, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) пирӯз шуд.
Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар он 6,4 ҳазор ё худ 96 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.
«Дар интихобот ду нафар номзад барои курсии вакилӣ бо ҳам рақобат карданд, - изҳор дошт манбаъ. - Номзади ҲХДТ, раиси Раёсати адлияи вилояти Хатлон Саодат Амиршоева ба дастёбии беш аз 95 фоизи райъи интихобкунандагон ноил гардид».
Ба иттилои сарчашма, номзади Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, соҳибкор Раъно Назирова 4,7 фоизи овози интихобкунандагонро соҳиб шудааст.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста