Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Бо мақсади муайян кардани вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳияи тавсияҳо баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои истеҳсолии баланд Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовинони вазир гурӯҳҳои корӣ ташкил намуд ва чанде қабл ин гурӯҳҳо озими минтақаҳои ҷумҳурӣ шуданд.
Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ба ҳайати он 35 нафар мутахассисону коршиносони бахши кишоварзӣ шомил гаштанд.
Ба гуфтаи ӯ, зимни сафар аъзои гурӯҳ масоили рушди соҳаи пахтакорӣ, омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии пахта, тайёр кардани тухмӣ барои кишт дар мавсими соли 2009, таъмини кишоварзон бо нуриҳои минералӣ, баргузории намоишгоҳҳои кишоварзон ва дигар масоили ҳалталаби соҳаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Аз рӯи натиҷаҳои сафар аъзои гурӯҳ ҳисобот ва тавсияву пешниҳодотро ҷиҳати вазъи воқеии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ омода сохта, онро ба раҳбарияти вазорат пешниҳод хоҳанд сохт, то барои ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи кориро ба вилояти Суғд муовини аввали вазири кишоварзӣ Султон Валиев, ба вилояти Хатлон муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров, ба водии Рашт ва Бадахшон муовини вазир Сиҷоуддин Исроилов ва ба ноҳияҳои тобеи марказ муовини вазир Маҳмуд Қодиров роҳбарӣ мекунанд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста