Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе 30 нафар гирандагони идрорпулии президентиро дар соли хониши 2008-2009 муайян мекунанд.

Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби комиссия ва гурӯҳи коршиносон дар ноҳияҳои пойтахт озмун доир карда шуда, 70 нафар номзад пешниҳод шуд, вале комиссияро зарур аст, танҳо 30 нафарро интихоб намояд.

Ба қавли ӯ, ба ҳайати комиссия намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе шомил мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки идрорпулии президентӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо соли 2005 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандкунии хонандагон ва дастгирии иҷтимоии толибилмону фаъолу аълохон тасдиқ шуда буданд.