Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ 363 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карданд, ки 306 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил медиҳад.

Сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон зироати ғалладона аз майдони умумии 248 ҳазор гектар дар беш аз 191 ҳазор гектар даравида шуд. Ба қавли ӯ, ҳосили 178 гектар замин кӯфта шуда, он ҳудуди 335 ҳазор тоннаро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ба ҷамъоварии ҳосил беш аз 270 комбайни ғалладарав сафарбар карда шуданд, ки ҳамарӯза ҳосили 4-5 гектарро ҷамъоварӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Н.Додобоев,   дар майдони 108,7 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин ба 107,7 фоизи иҷрои нақша баробар аст. Дар заминҳои холишуда дар 23 ҳазор гектар ҷуворимакка, дар 6 ҳазор гектар шолӣ, дар беш аз 10 ҳазор гектар зироатҳои дигари техникӣ, дар 730 гектар картошка ва дар 1 ҳазору 637 гектар зироатҳои полизӣ такороран кишт шуданд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ ӯҳдадор шуданд, ки ҳудуди 700 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оранд. «Соли гузашта дар майдони 273 ҳазору 403 гектар зироати ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки 649,3 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил   мекард», - афзуд сарчашма.