Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 14-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ҷаноби Ларс Таннелро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Имрӯз менеҷери Лоиҳа оид ба рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венде Вернер ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки зимни сафари серӯза Л.Таннел бо муштариёни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки аввалини хурди молиявӣ» ва раҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» мулоқот хоҳад орост.
Интизор меравад, ки ноиби президенти корпоратсия 15-уми август ба Хоруғ сафар намуда, дар он ҷо бо фаъолияти ширкати энергетикии «Помир-Энержи» аз наздик ошно мегардад ва бо раиси вилоят низ дидору гуфтушунид хоҳад кард. Рӯзи шанбе Л.Таннел дар Хуҷанд бо раҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» мулоқот доир мекунад.
«Боздиди мазкур гувоҳи он аст, ки корпоратсия ният дорад, муносиботи шарикии худро бо Тоҷикистон густариш диҳад ва ба рушди соҳибкории рақобатпазир, беҳбуди дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва тавсеъаи ҳамаҷонибаи муносиботи ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат намояд», - таъкид сохт В.Вернер.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста