Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пешорӯи нишасти сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҷмааи «Кохи Миллат» ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Маҳз дар ҳамин ҷо дидору гуфтушуниди «танҳо ба танҳо»-и президенти Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Русияву Чин, ки ахири моҳи август ҷиҳати иштирок ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ба Душанбе меоянд, баргузор мешавад.
«Интизор меравад, ки пас аз анҷоми корҳои начандон зиёди таъмиру ороиш рӯзҳои наздик маҷмаа мавриди истифода қарор хоҳад гирифт», - изҳор дошт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар Кохи «Сомон»-и бӯстносарои ҳукуматӣ доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони маҷмааи «Кохи Миллат»-ро соли 2002 ширкати сохтмонии итолиёвӣ «
CODEST
» шурӯъ карда буд. Қаблан дар макони сохтмон биноҳои маъмурӣ ва ҷузъу томҳои дивизияи 201-уми Русия ҷойгир шуда буданд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста