Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ капитан Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Рамил Нодиров роҳбарӣ мекунад.

«Дар ҷаласа баррасии масоили иҷрои нақшаи сохтмони эътилофи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ то соли 2010 ва такмили омодагии фавриву низомии нерӯҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъии созмон дар назар аст», - изҳор дошт манбаъ.

Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, дар ҷаласаи шӯро ҳамчунин масъалаҳои муқаррароти таҳия, маблағгузорӣ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки созмон дар солҳои 2009-2009 ва тасдиқи нақшаи баргузории машварати коршиносон оид ба масоили такмили ҳамкориҳои низомӣ низ муҳокима хоҳанд шуд.

«Пагоҳ ҳайати намояндагони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар давраи ниҳоии чаҳоруми тамрини муштараки ситодҳо ва ҳайатҳои қумондонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - «Сарҳад – 2008» иштирок хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 14-уми феврали соли 1992 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис дода шудааст ва ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.