Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - «Эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон яке аз хатоҳоест дар маҷмӯи иштибоҳоти раҳбарияти сиёсии Русия тӯли ду ҳафтаи ахир», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси сиёсии тоҷик Саймуддин Дӯстов.
Ба қавли ӯ, ҳеҷ кас дар ҷаҳон гуфта наметавонад, ки амалиёти Саакашвилӣ дар Схинвали чорабинии ҷазодиҳӣ набуд, вале ҳатто ин далел низ ба Русия ҳуқуқ намедиҳад, ки дар минтақаи муҳиме барои худ чун Қафқоз ба сифати ҷониби мустақил иштирок намояд.
«Карори Русия дар мавриди посухи қотеъ ба таҷовузгар ва иштироки ӯ дар даргирии мазкур чун ҷониби мустақили низоъ иштибоҳ аст, ки ба манфиатҳои ҳақиқии дарозмуддати миллии кишвараш мухолиф аст, - мӯътақид аст коршинос. - Бо эътирофи истиқлоли
ин кишварҳо Русия на танҳо обрӯву нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ аз даст медиҳад, балки он Русияро ба оқибатҳои ногувори иқтисодӣ, аз ҷумла заиф гаштани раванди рушди иқтисодӣ ва барҳадар рафтани кӯшишоти ҳукумати Путин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ мувоҷеҳ хоҳад сохт».
С.Дӯстов таъкид сохт, ки ҷудоихоҳии этникӣ дар қаламрави собиқ империяи Русия ва баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз омилҳои муҳими сиёсати Русия аст. «Онҳо худашон аксари чунин низоъҳоро ба вуҷуд оварданд ва ахиран онҳо муқобили Русия қарор гирифтанд», - гуфт ӯ.
Дар шарҳи масъалаи суратгирии вазъи минбаъдаи рӯйдод ва вокуниши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба он коршинос зикр кард, ки «ҳар яке аз ин кишварҳои соҳибистиқлоли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Чеченистони худро доранд, ки бархе аз нерӯҳои ғарбӣ ҳатман аз он истифода хоҳанд кард».
«Дар Тоҷикистон низ заминаҳои низоъи этникӣ мавҷуданд, ки дар минтақаи барои русҳо муҳими Осиёи Марказӣ метавонанд дарди сари навбатии Русия шаванд», - гуфт дар анҷом коршиноси тоҷик.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста