Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомлӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар чаҳорчӯбаи сафари серӯзаи худ сарвари давлати Эрон чун кишвари нозир дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзида, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои форсизабон - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамид Карзай дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Дар нишасти матбуотӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи боздид аз Тоҷикистон бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост.

Сафир зикр кард, ки дар Душане бобати мулоқоти дуҷонибаи М.Аҳмадинажод бо сарони кишварҳои Русия, Чин ва Қазоқистон мувофиқа ҳосил шудааст. «Ҳамчунин иштироки президенти Эрон дар маросими ифтитоҳи сохтмони бинои нави сафоратхонаи Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар назар аст», - афзуд Алиасғари Шеърдӯст.