Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Иштирокдорони нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) вориди Душанбе мешаванд. Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, ки айни замон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор дорад, ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ба Душанбе омад. Ҳ.Карзай дар нишаст ба сифати меҳмон ширкат хоҳад варзид.
Ба қавли ӯ, ояндаи наздик ташрифи ҳайати Ҳиндустон дар назар аст. Дар нимаи дуввуми рӯз ҳайати давлатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва Муғулистон низ ба Душанбе меоянд.
Тибқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, шоми имрӯз дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон «Варзоб» мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони давлатҳо баргузор мегардад.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста