Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон аз ҷониби Русия идомаи мантиқии масъалаи ҳалли низоъ дар Қафқоз аст.
Сиёсатшинос таъкид сохт, ки вазъи имрӯза ҳанӯз бозгӯи ҳалли ниҳоии масъала нест. «Бо назардошти вайрон кардани созишнома бо Русия ва амали таҷовузгаронаи Саакашвили нисбат ба мардуми осетин, ман чунин мешуморам, ки иқдомоти Русия бар зидди зӯроварӣ ва татбиқи сиёсати меъёрҳои дугона саривақтӣ ва дуруст сурат гирифт», - гуфт ӯ ва вуруди нерӯҳои низомии Амрико ба Ироқ ва аз ҷониби як қатор кишварҳои ғарб эътироф кардани Косоворо хотиррасон намуд.
«Ҳарчанд Саакашвили амали худро бо барқарор сохтани сохти конститутсионӣ асоснок менамояд, лекин далелҳо бозгӯи воқеияти тамоман дигаранд, онҳо аз содир намудани қатли ом шаҳодат медиҳанд», - андешаронӣ мекунад сиёсатшинос.
Ба қавли С.Сафаров, қазияи мазкур решаҳои таърихӣ дорад ва иқдоми Русия ба мардуми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон имкон фароҳам сохт, ки роҳи минбаъдаи худро мустақилона интихоб намоянд. «Мардум бо парчамҳои Русия истиқлоли миллии худро ҷашн гирифтанд ва ин гувоҳи он аст, ки амали Русия дуруст аст», - изҳор дошт ӯ.
«То имрӯз меъёри тамомияти арзии Гурҷистон, ки мухолифи меъёри «ҳуқуқи миллат оид ба худмуайянкунӣ» аст, ба назари эътибор гирифта мешуд ва имрӯз онро кишварҳои Ғарб зери тозиёнаи танқид гирифтаанд», - таъкид сохт коршинос.
С.Сафаров зикр кард, ки Русия тайи 15 сол ҳалли мусолиматомези қазияро тибқи меъёри «тамомияти арзии Гурҷистон» хостор буд, вале Саакашвили онро нодида гирифт ва Русия маҷбур шуд ба ҳалли қазия мувофиқи меъёри дуввум иқдом намояд.
Дар шарҳи масъалаи вокуниши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар робита ба ин қазия С.Сафаров чунин изҳори ақида намуд, ки кишварҳои шарики Русия бояд эътирофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро бидуни эҳсосоти зиёдатӣ дастгирӣ кунанд. «Бо чунин амал онҳо зидди хунрезӣ будан ва инкори истифодаи зӯровариро дар сиёсати байнулмилалӣ зоҳир хоҳанд сохт», - гуфт ӯ.
«Ман бар чунин назарам, ки ҳамин тавр кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ бояд бечунучаро аз мавқеи Русия пуштибонӣ намоянд», - гуфт сиёсатшинос ва назари худро бо он асоснок кард, ки Русия аз манфиатҳои ду халқ ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки миёни кишварҳои ИДМ бархе аз давлатҳо аз пуштибонии мавқеи Русия манфиатдор нестанд. «Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии Русия, аъзои ИДМ, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бояд аз мавқеи Русия пуштибонӣ намояд», - гуфт дар анҷом С.Сафаров.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста