Хуҷанд. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пешорӯи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳамроҳи зиёиён, олимон, намояндагони мақомоти ҳкумати маҳаллӣ ва васоити ахбори омма бо сафари корӣ аз ноҳияҳои вилоят боздид мекунад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қ.Расулзода дар маросими ба истифода додани мактаби таҳсилоти умумӣ дар ҷамоати Ғӯлакандоз барои 400 нафар толибилмон, ки тариқи ҳашар аз маблағи сокинони ҷамоат ва кооперативи истеҳсолии ба номи Самадаов бунёд ёфтааст, иштирок намуд. Барои сохтмони мактаби дигар аз буҷаи вилоят 700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, он барои 192 нафар хонанадагон пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳраки Пролетар раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ дар саҳни мактаб иштирок кард. Акнун мактаб номи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷикро гирифт. Ҷиҳати таъмири мактаб аз буҷаи вилоят 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста