Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.
Дар оғоз гуфтушунидҳои алоҳида сурат гирифта, сипас мулоқоти васеи сарони кишварҳои узви созмон - Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон , Ӯзбекистон ва кишварҳои нозири созмону меҳмонон - роҳбарони давлатҳои Афғонистону Эрон ва Муғулистон ва ҳайатҳои намояндагони Покистону Ҳиндустон баргузор мешавад.
Дар ҷаласа масоили рушди иқтисод ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир дар қаламрави кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ин мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин оид ба кишвари раисикунандаи СҲШ дар давраи солҳои 2009-2010, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.
Барои инъикоси рафти саммити СҲШ беш аз 700 нафар намояндагони расонаҳои хабарии хориҷӣ, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи иттилоотии дунё аллакай дар Вазорати корҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста