Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба болоравии афзоиши хатар ба амнияти минтақа дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва амали тундгароӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохт.
Сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки сарфи назар аз кӯшишоти бесобиқаи ҳукумати Карзай оид ба барқарории сулҳу салоҳ дар Афғонистон, вазъ он ҷо пайваста муташанниҷ мегардад, ки ин ба кишварҳои минтақа низ бетаъсир буда наметавонад. «Истеҳсоли афюн дар Афғонистон аллакай ба беш аз 8 ҳазор тонна расида, он сарчашмаи маблағгузории терроризм ва заминаи омода сохтани муҷоҳидони тоза мегардад», - таъкид сохт И.Каримов.
Ба гуфтаи ӯ, муносибат ба мушкилоти Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард. «Ин кишвар ба кӯмаки муассири бештаре эҳтиёҷманд аст, то зерсохтори иҷтимоиву иқтисодиро барқарор сохта, мардумро аз нодориву фақр наҷот бидиҳад, - идома дод сарвари давлати Ӯзбекистон. - Муҳимаш он аст, ки барои муносиботи эҳтиромона ба арзишҳои милливу динӣ замина бояд фароҳам сохт, зеро ба назари ман, ин масъала дар оштӣ додани тарафҳои даргири кишвар нақши ҳалкунанда дорад».
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста