Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини амният ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт.
«Кишварҳои узви созмон дар бисёр ҳолатҳо, аз ҷумла масъалаҳои таҳкими истиқлолият, таъмини амният ва дигар масоили мубрами сатҳи миллӣ ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд ва ин моро водор месозад, ки баҳри муттаҳидии созмон кӯшиш ба харҷ диҳем», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, сарвари давлати Чин қайд кард, ки «вазъ дар ҷаҳон начандон ором аст». Аз ҷумла ӯ, баён дошт, ки «муносиботи байнулмилалӣ торафт печидатар мегарданд, таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ дар ҳоли афзоишанд ва дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ хараҷу мараҷ ва бесуботӣ ҳукмфармост».
«Ҳалли масоили минтақавии мо ба машварату маслиҳати кишварҳои ин минтақа вобаста аст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки ба туфайли рушду густариши амиқи ҳамкории минтақавӣ метавон мушкилоти мавҷударо осонтар паси сар кард.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста