Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - «Замони сиёсатмадорӣ ва имконоти фаъолияти Парвиз Мушарраф чун сиёсатмадор ба анҷом расиданд ва ӯ бо тақозои мардум аз вазифааш истеъфо дод», - изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Сомони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба амнияти миллӣ Маҳмуд Алӣ Дурронӣ.
«Ҳукумати Покистон ба Парвиз Мушарраф имкон фароҳам сохт, то минбаъд дар ватан ё хориҷ аз он ба сар барад», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки замони ҳукмронии Мушарраф Покистон дар баробари ноил гаштан ба як қатор дастовардҳо, имконоти зиёдеро дар мубориза бар зидди терроризм истифода бурда натавонист ва дар таъмини рушди иқтисодӣ низ бисёр имконот аз даст дода шуданд.
«Ман чун сиёсатмадор ва собиқ генерали артиши Покистон, ки қаблан ҷонибдори сари қудрат омадани Мушарраф будам, аз истеъфои ӯ таассуф намехӯрам, зеро он ногузир буд», - афзуд Дурронӣ.
Ёдрас мекунем, ки дар қатори давлатҳои Ҳиндустон, Муғулистон ва Эрон ҳайати Покистон имрӯзҳо дар нишасти СҲШ чун кишвари нозир иштирок мекунад.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста