Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон суст ҷараён дорад.
Вай чунин баён дошт: «Табиист, ки ахиран дар фаъолияти СҲШ ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ мақоми муҳим касб мекунад, вале сарфи назар аз тасвиби як қатор санадҳо воқеият чандон қаноатбахш нест. Моро зарур аст, вазъи мавҷударо амиқ таҳлил намоем ва ҷиҳати вусъати назарраси ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоративу иқтисодӣ чораҳои муассир биандешем. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо ин мақсад бояд кори таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи Шӯрои кории созмон тезонида шавад.
Сарвари давлати Қазоқистон зикр кард, ташаккули Фонди рушди СҲШ имкон медиҳад, ки захираҳои молиявӣ ҷиҳати ҳамгииойии кишварҳо сафарбар карда шавад. Ба гуфтаи Н.Назарбоев, дар сурати ҳаамгиройии иқтисодии муваффақонаи кишварҳо дар минтақа, тибқи пешгӯиҳои ахири коршиносон, давлатҳои узви СҲШ дар соли 2020 то 30 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии глобалиро таъмин хоҳанд сохт ва дар солҳои наздик муомилоти мол миёни кишварҳо метавонад ба беш аз 70 млрд. доллари амрикоӣ баробар шавад.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста