Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз 1-уми сентябр 40 дарсад зиёд карда шуд. Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон, музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешаванд; музди меҳнати мудирони муассисаҳои томактабӣ ба маоши мудирони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва маоши мудирони муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати мудирони макотиби таҳсилоти умумӣ баробар карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, акнун музди меҳнати ҳадди ақали кормандони соҳаи маориф 60 сомониро ташкил медиҳад. Навовариҳои дигар низ ҷорӣ гаштанд: нақшаи таълимӣ иваз гардида, акнун як музди меҳнати омӯзгор 18-20 соати дарси таълимӣ муқаррар гаштааст.
Сарчашма зикр кард, ки музди меҳнати омӯзгорон ҳамчунин аз маълумот ва дараҷаи касбӣ вобаста аст. Ғайр аз ин, маоши мансабии мудирони муассисаҳои таълимии ғайримактабӣ ба музди меҳнати мудирони мактабҳои таҳсилоти умумии шумораи хонандагонаш то 400 нафар баробар карда мешавад.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста