Кӯлоб. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии кушоди «Кӯлобдеҳсохтмон» бунёди канали обпартои нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар маҳаллаи канори шаҳри Кӯлобро ба анҷом расониданд.

Раиси ҷамъияти саҳомӣ Бобоҷон Пираков ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар тендери сохтмон ва ба истифода додани он ҷамъият ғолиб дониста шуда, иқтидори нерӯгоҳ 250 кВт аст, ки он на танҳо маҳаллаҳои аҳолинишин, балки корхонаҳои саноатиро низ бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард.

«Сохтмони нерӯгоҳ аз ҷониби Маркази сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обиву барқии   ҷумҳурӣ дар назди вазорати энергетика ва саноати кишвар маблағгузорӣ карда мешавад», - гуфт Б.Пираков ва афзуд, ки арзиши лоиҳавии иншоот 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Б.Пираков мутмаин аст, ки моҳи январи соли 2009 нерӯгоҳи хурд ба истеҳсоли барқ шурӯъ хоҳад кард. «Мутахассисони мо барои овардани таҷҳизоти нерӯгоҳ рӯзҳои наздик озими Чин мешаванд ва то насби онҳо бунёди боз як каналро ба итмом расонидан зарур аст», - гуфт ӯ дар анҷом.