Душанбе. 3-юми сентябр - Дар вилояти Зобули Афғонистон дар задухурде бо низомиёни афғон ва нируҳои хориҷӣ 32 нафар аз тундравони Толиб кушта шудаанд.

         Ғулом Ҷейлонихон-фармондеҳи пулиси ин вилоят гуфтааст, дар ҷараёни ин задухӯрд 22 Толиб ва 7 араб, ки дар маҳале бо номи Навбаҳор меҷангиданд, кушта шудаанд.

        Муҳаммад Ҳусейн Андивол-фармондеҳи пулиси вилояти Ҳилманд низ гуфтааст, 10 нафар тундрави дигар рузи сешанбе дар вулусволии Надалӣ дар даргириҳо ба қатл расидаанд.