Кӯлоб. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Мӯъминобод барӯйхатгирии аҳолии мӯҳтоҷ ба кӯмаки Барномаи ғизо ва кишоварзии ( FAO ) Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ гардид.

            Мудири маркзаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» Додарбек Сайдалиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тибқи амалисозии барнома дар ин ноҳия ба 700 нафар эҳтиёҷмандон 140 тонна хӯроки чорво, 1 ҳазору 400 кило тухмии хӯроки чорво, 28 тонна нуриҳои минералӣ ва 210 кило   доруворӣ тақсми карда мешавад.

            Ба гуфтаи Д.Сайдалиев, рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷмандонро намояндагони ҷамоатҳо дар маҷлисҳои умумӣ тартиб медиҳанд. «Ба иллати сардиҳои зимистони соли гузашта FAO дар ҳамдастӣ бо вазорати кишоварзӣ миқдори маблачғи хисорот дар соҳаи чорводориро муайян карданд, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ он ба 250 млн. доллари амрикоӣ баробар аст», - гуфт Д. Сайдалиев ва афзуд, ки лоиҳаи мазкур посухест ба Изҳороти СММ ба ҷамъиятҳои мададрасон ва он аз ҷониби Идораи рушду ҳамкории Швейтсария ( SDC ) маблағгузорӣ карда мешавад.