Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Амрико маросими ёдбуди ҳодисаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001, ки ҳудуди 3000 одамро аз байн бурданд, баргузор мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки дар маросими ёдбуди қурбониҳо дар макони ҳамла болои бинои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати шаҳри Ню-Йорк номзадҳои курсии президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва аз ҳизби демократ Барак Обама ширкат меварзанд.

Террористони марбут бо шабакаи «Ал-Қоида» масъули ин ҳамлаҳо номида мешаванд. Онҳо 11 сентябри соли 2001-ум чор ҳавопаймои мусофирбарро рабуда, сипас ҳамчун силоҳ истифода бурданд. Ду ҳавопаймои аввал ба биноҳои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати шаҳри Ню-Йорк бархӯрданд.

Ҳавопаймои сеюм дар Вашингтон болои бинои Пентагон суқут кард. Билохира ҳавопаймои чоруми рабудашуда дар як майдони назди шаҳри Шанксвили аёлати Пенсилвания сарнагун шуд.