Кӯлоб. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар қишлоқи наздисарҳадӣ бо Афғонистони Йоли ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон нахустин корхонаи саноатии истеҳсоли сӯзишвории брикет аз партовҳои ангиштсанг ба фаъолимят шурӯъ кард.

            Муҳандиси қитъа Сафаралӣ Ҷалолов дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ду корхонаи бузург дар конҳои ангиштсанги Шӯроб (Исфара) ва Шарора (Ҳисор) бунёд гардидаанд ва нисбат ба онҳо иқтидори корхонаи мазкур каме пасттар аст.

            Мавсуф зикр кард, ки ашёи хом аз партовҳои кони «Шӯрообод» гирифта мешавад. «Ҳамаи коргарони корхона сокинони маҳаллӣ (17 нафар) мебошанд, ки аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки ба қувваи корӣ ниёз нест, зеро музди меҳнати миёна дар корхона ба 400 сомонӣ баробар аст.

            С.Ҷалолов мегӯяд, ки барои дастрасии брикет аз маҳаллаҳои аҳолинишини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қисмҳои низомии минтақа то ахири сол ба миқдори беш аз 1000 тонна фармоишот қабул карда шудааст ва коргарон боварӣ доранд, ки аз иҷрои он бо сарбаландӣ хоҳанд баромад.