Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Муфтии ҷумҳурӣ, роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Амонулло Неъматзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ташаббуси президенти Тоҷикистон дар бораи соли 2009-ро Соли гиромидошти асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам эълон кардан ба ташаккули низоми яккамазҳабӣ дар кишвар мусоидат менамояд, ки дифоъи он аз ҳар гуна низоъ таъмин карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин муносибати мутавозини ҳукуматдорон бо ислом боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон мутмаъин аст, ки бо эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам муносибати ҷаҳони ислом бо Тоҷикистон мусоидтару хубтар хоҳад гашт.

«Соли 1999 ман аз мамолики араб боздид кардам ва мушоҳида намудам, ки арабҳо на он қадр хоҳони бо кишвари мо ҳамкорӣ кардан доранд, зеро чунин мешумориданд, ки дар кишвари мо то ҳол коммунистон ҳукмронӣ доранд, - идома дод А.Неъматзода. - Акнун ҳангоме ки сарвари давлати мо ба арзишҳои исломӣ арҷгузорӣ намуд, ақидаи онҳо дар бораи кишвари мо ба самти мусбат тағйир ёфта, муносибаташон низ некхоҳонатар хоҳад шуд».

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли оянда аз аҳамияти хоссаи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор хоҳад буд ва «аз ҳама муҳимаш, амнияти миллии ҷумҳурӣ мустаҳкамтару пурзӯртар хоҳад гашт».