Душанбе. 17-уми сентябр - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон «Дар бораи аз хизмати ҳарб ӣ ҷ авоб додани хизматчиёни ҳарбие, ки м ӯ ҳлати хизматашон ба охир расидааст ва даъвати навбатии ҷ авонон ба хизмати ҳарб ӣ », фармон имзо кард.

Мувофиқи фармони мазкур дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли 2008 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷ умҳур ӣ , Артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти милл ӣ , ҷ узъу томҳои мудофиаи шаҳрвандии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷ умҳур ӣ , Гвардияи милл ӣ , артиши дохилаи Вазорати корҳои дохилии ҷ умҳур ӣ ва полки посбонии Раёсати ислоҳоти меҳнатии Вазорати адлия, хизматчиёни ҳарбии м ӯ ҳлати хизматашон ба охир расида, ҷ авоб дода мешаванд.

Мувофиқи фармони мазкур ҷ авонони то р ӯ зи даъват ба синни 18 солаг ӣ расида, инчунин шахсони калонсоле, ки ба мавқуф гузоштани даъват ба хизмати ҳарб ӣ ё озод кардан аз он ҳақ надоранд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷ умҳурии То ҷ икистон, артиши марзбони Кумитаи марказии амнияти милл ӣ , ҷ узъу томҳои мудофиаи шаҳрвандии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷ умҳур ӣ , Гвардияи милл ӣ , артиши дохилаи Вазорати корҳои дохил ӣ ва полки посбонии Раёсати ислоҳоти меҳнатии Вазорати адлия даъват карда мешаванд. Дар фармон ба Вазорати тандурустии ҷ умҳур ӣ супориш дода мешавад, ки барои муоинаи ҳама ҷ онибаи тиббии даъватшавандагон аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе духтурони мутахассисро сафарбар намояд.