Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» -
I
FC, (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, дар доираи Лоиҳа оид ба рушди системаи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ ҳафтаи сипаришуда дар деҳаҳои Ҳайдаробод ва Тиллои Сафеди ноҳияи Вахдат оид ба ҳуҷҷатгузории истеҳсоли шир як қатор семинарҳо гузаронид.
Мақсади семинар ташаккул додани малакаи хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда оид ба ҳуҷҷатгузории аниқи истехсоли шир буд, то он ки онҳо сатҳи даромаднокии фаъолияти хешро баҳо дода тавонанд. Тақрибан 50 нафар иштирокчиён, пеш аз ҳама занҳо аз хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда дар семинар иштирок намуданд.
Мутахассисони IFC ба иштирокчиён оид ба роҳҳои ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории оддӣ ва тарзи ҷой додани маълумот дар он маълумот доданд. «Хонаводаҳои ширистехсолкунанда бояд методи ҳуҷҷатгузории истеҳсоли ширро такмил диҳанд, то он ки тавонанд самаранокии фаъолияти худро баҳо диханд. Ман умедворам, ки ин силсилаи семинарҳо ба ин хонаводаҳо барои ноил гаштан ба ин мақсад ва фоидаовар шудани фаъолияти онҳо кӯмак мекунад гуфт», - Рангина Назриева, мутахассиси IFC оид ба рушди фаъолият.
«Семинар ниҳоят муфид буд, зеро имрӯз ба мо зарур аст, ки асосҳои ҳуҷҷатгузориро донем, то он ки самаранокии истеҳсоли ширро ҳисоб карда тавонем. Ин барои мо хело муҳим аст, чунки дар бозорҳои маҳаллӣ нархи хӯроки чорво ва дигар консентратҳо боло рафтааст ва мо бояд кӯшиш кунем, ки истехсоли шир фоида орад», - гуфт яке аз иштирокчиёни семинар Миҷгона Гулова. Дар ин бора дар иттилоияи корпоратсия хабар дода шудааст.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста