Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» -
Имрӯз дар «Кохи теннис»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи
III
-уми байнулмилалии «Зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон-2008 ба кор шурӯъ мекунад, ки он то 20-уми сентябри идома хоҳад ёфт. Намоишгоҳ аз ҷониби ширкати ITECA Osiyo и I.T.E.
E
&C Ltd (Бритониёи Кабир) бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, вазоратҳои энергетикаву саноат, нақлиёт ва коммуниктсия, рушди иқтисоду савдо, Саридораи геология ва Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати кишвар созмон дода шудааст.
Аз ширкати ITECA Osiyo и I.T.E.
E
&C Ltd ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намоишгоҳ бо таҳияи консепсияи махсус баҳри муттаҳид сохтани робитаҳои ҳамкории истеҳсолкунандагони таҷҳизот, трейдерон, таъминкунандагони молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ташкил гардидааст.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо дастовардҳо ва навгониҳои худро дар бахшҳои мухталифи индустрия, аз ҷумла рушди зерсохтори иқтисод, фанновариҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, энергетика, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.
Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ молу маҳсулот асосан дар се самт ба тамошобинон пешкаш мегарданд - бахшҳои сохтмон, энергетикаву рӯшноидиҳӣ ва корҳои кӯҳӣ.
Дар бахши «Сохтмон» таҷҳизоти сантехника, дару тиреза, техникаи электрикӣ, нақлиётӣ ва масолеҳи сохтмону техникаи он, дар бахши «Энергетикаву рӯшноидиҳӣ» ва «Корҳои кӯҳӣ» таҷҳизоти электротехникӣ, насосҳову компрессорҳо, технологияҳои таъиноти ҳифзи табиат, мошинҳои борбардор, таҷҳизот аз гудохтаҳои дурушт ва ғайра намоиш дода хоҳад шуд.
Тибқи маълумоти сарчашма, дар намоишгоҳ молу маҳсулоти 16 ширкат аз 14 кишвари дунё, аз қабили Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия ва давлатҳои дигар ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста