Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ карда, ҳамзамон интихобкунанда низ мебошанд, мулоқот доир намуд.

Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки боздиди раиси ҳизб чун намояндаи мардумӣ дар парлумон дар доираи чорабиниҳои парламенти ҷумҳурӣ ва дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Русия сурат гирифтааст. «Ҳамчунин созмони «Интеллектуалҳои ҷавони Тоҷикистон» ва диаспораи тоҷикон дар Русия низ аз созмондиҳандагони ин сафар мебошанд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Ҳ.Сайфуллозода, дар пойтахти Русия раиси ҳизб дар тӯли ду рӯз як қатор мулоқотҳо доир намуда, сипас дар таърихи 20-уми сентябр дар шаҳри Уфа, 21-уми сентябр дар шаҳри Қазон ва 22-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони тоҷик вомехӯрад.

«Маълум аст, ки аксари интихобкунадагони ҷумҳурӣ айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва   дидору млоқотҳо бо онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст», - афзуд Ҳ.Сайфуллозода.

Номбурда зикр кард, ки дар сафар М.Кабириро фаъолони ҳизб, ки феълан дар Русия қарор доранд, ҳамроҳӣ мекунанд.