Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Бо андӯҳи бузург хабари таркиши мудҳишро дар назди меҳмонсарои «Марриот»-и Исломобод дарёфт намудам.
Ин амали ғайриинсонӣ ва фоҷеабор, ки муҷиби ҳалокату ҷароҳат бардоштани садҳо нафарони бегуноҳ гаштааст, бори дигар зарурати муттаҳид намудани талошҳои мо ва дигар аъзои ҷомеаи ҷаҳониро зидди чунин аъмоли зишти террористон собит месозад. Аз ҷониби худ Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки дар чунин саъю кӯшишҳо саҳми бештаре дошта бошад.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста