Қӯрғонтеппа. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукуматдорони вилояти Хатлон ҷиҳати нашри китобҳои тоза   ба Итттифоқи нависандагони вилоят беш аз   $7 ҳазор маблағ ҷудо карданд.

Раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон Миралӣ Салимов мегӯяд, ки аз ҳисоби ин маблағ китобҳои Нусратулло Абдулло - «Шукри истиқлол», Исроили Иброҳим - «1001 шаби омӯзгор», Зарифи Ибод - «Нишонаҳои ориёӣ», Бароти Саид - «Хотираҳо», Усмон Билолӣ - «Сад шукри Рӯдакӣ» ва             Шарофат Отаева - «Эҳтиром ва садоқат» нашр карда мешаванд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ин маблағ аллакай 500 сомонӣ ба муаллифон ҳаққи қалам пардохт карда шудааст.