Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси газетаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷони Атовулло изҳор дошт, ки қарори додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи аз болои ӯ оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ барояш ногаҳониву ғайриинтизор нест.
Ӯ мегӯяд, ки аз чунин ранг гирифтани кор хабардор буд. «Ман аз тарзи фикрронии мансабдорони тоҷик огоҳам ва медонам, ки онҳо одат кардаанд, дар симои рӯзноманигор душманро бубинанд ва бо ин амал бори дигар собит сохтанд, ки муносибати онҳо бо матбуот чӣ гуна аст», - гуфт ӯ.
«Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон борҳо дар бораи истирдоди ман ба Тоҷикистон бо ҳамтоҳои русиягиашон гуфтушунид карданд, - гуфт Д.Атовулло. - Онҳо бар чунин назаранд, ки ман ангезандаи асосии муносиботи Тоҷикистону Русия ҳастам ва кайҳо боз нияти ҳабси маро доранд».
Д.Атовуллоев чунин мешуморад, ки татбиқи амалии чунин нақшаҳо ғайриимкон аст. «Ахиран ман хеле кам ба Русия сафар мекунам. Гузашта аз ин, дар Олмон ба ман шиносномаи махсус - санади тревелл доданд, ки он тибқи Конвенсияи СММ истирдоди маро ба ҳама кишварҳои ҷаҳон манъ мекунад», - изҳор дошт ӯ.
Ба ақидаи мавсуф, боз шудани парвандаи ҷиноӣ на танҳо ба фаъолияти ӯ, балки ба фаъолияти тамоми васоити ахбори умуми Тоҷикистон, ки ахиран мушкилоти ҷумҳуриро ҷасурона баррасӣ мекуунанд, марбут аст.
Д.Атовулло бар он назар аст, ки барои боз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ ҳеҷ асосеи ҳуқуқӣ мавҷуд нест. «Ман касеро тӯҳмат накардаам, танҳо ҳама чизи воқеан мавҷударо ошкоро баён кардам -
ришвахӯронро ришвахӯру дуздонро дузд номидам, - гуфт ӯ. - Ман ҳеҷ тарсе надорам, зеро маро аллакай ҳабс карданӣ буданд, вале баъдан маҷбур шуданд, ки раҳо созанд».
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста