Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Душанбе
семинари панҷрӯза оид ба принсипҳои расондани ёрии паллиативӣ
барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ
дар чаҳорчӯбаи барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»- и ИҶК БМ ба кор шурӯъ кард.
Чорабинӣ
дар доираи Меморандум оид ба
ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти"Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад - Тоҷикистон ба имзо расидааст, баргузор мегардад. Дар
семинар
42
нафар
мутахассисон
аз
зумраи
духтурон
,
ҳамшираҳои
шафқат
ва
кормандони
тиббие
,
ки
дар
соҳаҳои
саратоншиносии
калонсолон
ва
кӯдакон
,
масъалаҳои
ВИЧ
,
нигоҳубин
ва
дастгирӣ
кор
мекунанд
,
иштирок
хоҳанд
намуд
.
Барои гузаронидани семинар гурӯҳи мутахассисон аз ИМА: профессор Томас Смит- директории шӯъбаи
паллиативии маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, профессор Ҷудит Пейн- мудири барномаи бемориҳои саратон ва гематологияи Донишгоҳи Носвестерни Чикаго, Мэри Каллавей - мудири барномаи байналмилалӣ
оид ба ёрии паллиативӣ
дар Ню - Йорк, Патрик Койн -
мудири маркази бемориҳои саратони маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, Несса Койл-
мудири
барномаи дастгирӣ
ва нигоҳубини беморон ва хадамоти ёрии паллиативии Маркази мемориалии саратоншиносии Слоан- Кетеринги
Ню -Йорк ба Тоҷикистон омаданд.
Баъди анҷоми
тренинг иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои зерин дониш
ҳосил мекунанд:
-
Унсурҳо ва шаклҳои
ёрӣ
ба беморон дар охири
ҳаёташон; сари вақт ба нақша гирифтани ёрӣ
ва тартиб додани дастурҳо оид ба хоҳиши беморон доир ба муолиҷаи онҳо дар охири
ҳаёташон;
-
Хусусиятҳои психологии муошират бо беморони шифонопазир ва аъзоёни оилаи онҳо;
-
Бедардгардонии беморони шифонопазир ва фурӯ
нишондани симптомҳои дигар аз рӯи комёбиҳои охирини илми тиб;
-
Қоидаву дастурҳо оид ба таъин кардан ва бекор намудани муолиҷа
ҳангоми ёрии паллиативӣ.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста