Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI » дарси кушоди сарвари хадамоти омӯзишию таҳлилии Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Хулкар Юсупов барои донишҷӯёни соли 5-уми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

             Дар он мавзӯи истифода аз сарчашмаҳои иттилоот барои таҳияи маводи журналистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар чорабинӣ ҳамоҳангсозони барномаҳо оид ба Васоити ахбори оммаи як қатор созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат варзиданд.  

Қобили зикр аст, ки чунин дарсҳои кушод дар Мактаби рӯзноманигорӣ ҳар ҳафта доир гардида, иштирокдорони он дар баробари таҳлили матолиби хабаргузориву нашрияҳои гуногун, зимни таҳияи маводи журналистӣ риоя кардани меъёрҳои байналмилалии касбиро меомӯзанд.  

Дар ҷараёни дарсҳои амалӣ донишҷӯён барои таҳияи мақолаву гузоришоти худ аз компютарҳо ва таҷҳизоти Мактаби рӯзноманигорӣ истифода мекунанд. Ҳамзамон боздиди онҳо аз идораҳои садову симо ва нашрияҳои гуногун ҷиҳати шиносоӣ бо раванди фаъолияти ВАО-и кишвар ташкил карда мешавад.