Душанбе. 24-уми сентябр - Аз моҳи сентябри соли 2008 ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» фоидаи пасандозҳои шахсони воқеиро новобаста ба мӯҳлати он ду фоиз зиёд кард.

  Меъёрҳои ҳадди аксари фоидаи солонаи пасандози «Пайванд» 22 фоиз бо пули миллӣ, 20 фоиз бо доллари амрикоӣ, 20 фоиз бо евро, 21 фоиз бо рубли Русия ва аз рӯи пасандози «Баракат» 20 фоиз бо асъори миллӣ, 19 фоиз бо доллари амрикоӣ, 19 фоиз бо евро ва 20 фоиз бо рубли Русия зиёд карда шуд.

Ин иқдом баҳри манфиатбахштар гардонидани пасандозҳо барои мизоҷон ва бештар ҷалб намудани пасандози аҳолӣ ба бонк андешида шуд.

Бояд қайд кард, ки меъёрҳои фоизи ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аз рӯи ҳамаи намудҳои пасандоз дар байни бонкҳои Тоҷикистон баландтарин буда, далели равшани он афзоиши мунтазами шумораи мизоҷон мебошад. ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» пешниҳодҳои мизоҷони худро ба инобат гирифта, раванди васеъ ва мукаммалгардонии шароити ҷалби мизоҷонашро идома медиҳад.