Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ бо намояндагони созмонҳои мададрасон вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки бинобар рӯз то рӯз тақвият ёфтани таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, аз ҷумла, Тоҷикистон низ, ин кишварҳо баҳри таъмини ҷараёни ислоҳот ба кӯмаки созмонҳои мададрасон ниёз доранд.
Ғ.Бобозода барномаи чорабиниҳои иловагии зиддибӯҳронии ҳукуматро шарҳ дода зикр кард, ки он аз шаш банд – таъмини устувории макроииқтисодӣ, таъмини уствории бахши воқеии иқтисод ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии бозори меҳнат, таъмини дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити муосид барои ҷалбти сармоягузорӣ ва таъмини иҷрои саривақтии тадбирҳои зиддибӯҳронӣ дар давраи кӯтоҳмуддат иборат аст.
Вазир афзуд, барномаи қабулшуда чизи шахшуда нест ва агар аз ҷониби созмонҳои мададрасон тағйироту илова ё тавсияе пешниҳод гардад, пас аз баррасӣ онҳо метавонанд қабул карда шаванд.
"Ҳастиаш ҳунар буд". Парда Қосимро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Аз 125 то 1200 сомонӣ. ФФТ қонуншиканҳоро ҷарима кард
Тоҷикистон боз ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст: акнун дигар лимит намешавад?
Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?
Медали тилло ва нуқраи қаиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё
Далер Ҷумъа: 70%-и барқи неругоҳи “Роғун” барои содирот пешбинӣ шудааст
Мақомот боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ ё рад намекунанд
Парда Қосим, овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт
Субҳон Ҷалилов мудири барномаҳои радиои “Азия - Плюс” шуд
“Ҳуқуқи мо”: Лоиҳаи нави “Азия-Плюс” барои муҳоҷирон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста