Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор намуд, ки овозаҳо дар баъзе ВАО оид ба кӯшиши мансабдорони зиёд ҷиҳати пайвастан ба сафҳои Академия муболиғаомез аст.

Ба гуфтаи ӯ, имсол аз шумори умумии номзадҳо ба унвони академик ва узви вобастаи АИ Тоҷикистон ҳамагӣ 4 нафарашон мансабдорони давлатӣ мебошанд.

“Дар қонунҳои Тоҷикистон пешбарии номзадии мансабдорони давлатӣ ба унвони академик ва узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ манъ нашудааст ва мо наметавонем, ки мухолифи он бошем, - гуфт ӯ. - Дар ин ҳолат олими маъруф будан, нашри китобу монографияҳо, доштани мактаб ва шогирдони худ маҳаки асосӣ ба шумор меравад”.

Ӯ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки маъракаи интихоби академикҳо ва узвҳои вобастаи нави АИ ҶТ қотеъона бо риояи қонунҳои кишвар, оиннома ва муқаррароти Академия сурат хоҳад гирифт. Академикҳо ва узвҳои нави вобастаи АИ ҶТ-ро 21 академик ва 33 узви вобастаи амалкунандаи Академия интихоб мекунанд.

Миёни номзадҳои  8 номзад ба унвони академикӣ ва 103 номзад ба унвони узви вобастаи АИ ҶТ пешбарӣ шудаанд. Синни онҳо аз 35 то 80-соларо ташкил медиҳад. Ҳамагӣ 5 академик ва 35 узви вобастаи нави Академия интихоб мешавад. Интихобот рӯзи 14 июл баргузор мешавад.