Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки то соати 17:30 дақиқаи имрӯз, 15-уми май дар мамлакат 1118 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 33 кас бар асари он фавтидаанд.
Шабонарӯзи охир 211 ҳолати нави бемории Covid-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин баландтарин маълумоти расмӣ аз оғози эълони мавҷудияти коронавирус дар кишвар аст. Аз шоми дирӯз то кунун 4 кас вафот кардаанд.
Ҳамзамон то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4297 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 477 кас баъд аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19) бо абарпайванди www.covid.tj фаъол шудааст.
Айни замон торнамои мазкур дар марҳилаи такмил буда, фарогири омори сироятшудагону фавтидагон ва шифоёфтагон бо диаграммаи интерактивӣ, инчунин аломатҳои бемории COVID-19 ва тавсияҳо барои пешгирии сирояти коронавирус, суолу ҷавоб, наворҳои иҷтимоӣ ва дигар иттилооти муфид мебошад. Ба гуфтаи дастандаркорон ва тарроҳони торнамо, дар он маълумоти дорои аҳаммияти ҷамъиятӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пайваста нашр хоҳад шуд.
Қаблан намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ба Тоҷикистон омада буданд, изҳор доштанд: “Дар муддати ҳар се рӯз тамоюли ду баробар афзудани шумори сироятёфтагон ба назар мерасад. Авҷи беморӣ дар кишвар ҳанӯз дар пеш буда, шумори беморон рӯз то рӯз меафзояд”.
Роҳбари ҳайати СҶТ Патрик О’Коннор дар ҷараёни брифинги онлайнӣ гуфт: “Бо назардошти зуд паҳн шудани коронавирус, тадбирҳое, ки дар давоми рӯзҳои минбаъда амалӣ мешаванд, барои наҷоти ҳаёти одамон нақши асосӣ хоҳанд дошт”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.