Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки таъҷилан алайҳи бемории коронавирус воксин бигиранд ва ба ҳар гуна овозаҳои мардум дар маврди ваксинаи мазкур, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, эътибор надиҳанд.
Дар ин муроҷиати Шӯрои уламо, ки 29-уми март дар торнамои ин ниҳод нашр шудааст гуфта мешавад, ки "эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат буда, бепарвоӣ оқибати ногувор дорад".
Дар муроҷиати ин ниҳод гуфта мешавад, ки баъзеҳо ҷонибдори вокуниши ғайрифаъол ба даъвати эмкунӣ ҳастанд, ки гӯё баъзе доираҳои хориҷӣ мехоҳанд тавассути ваксина ба мардум зарар расонанд.
«Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъвати ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад. Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ».
Ин ниҳод ҳамчунин илова гуфтааст, ки табибон ва коршиносони соҳаи тиб таъкид менамоянд, ки ҳамаи ваксинаҳо таҳти назорати созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони байналмиллалии тандурустӣ қарор доранд ва аз ҳама гуна санҷишҳо гузаштаанд.
Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки ҳарчанде дар натиҷаи тадбирҳои саривақтӣ аз 1 январ то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аммо дар дигар давлатҳо вазъият ҳамоно нигаронкунанда мебошад. Ва мавҷҳои нави шиддатнокии бемории коронавирус пайдо шуда истодаанд, ки чораҳои асоситарини пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории Ковид-19 ин эмгузаронӣ (ваксинатсия, иммунизатсия) мебошад.
Шӯрои уламо, ки ягона ниҳоди содиркунандаи фатво аст, гуфта, ки «баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯст, аввал шахсони калонсол бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатся) гузаранд. Эмгузаронӣ ба муқобили бемориҳо дар робита ба ҳифзи ҳаёт ба воситаи муҳофизат намудани он аз хавфу хатари беморӣ ба шариат мувофиқ аст. Вақте ки аз нигоҳи шариат ба эмгузаронӣ назар кунем, аҳамияти он зоҳир мегардад, чунки ҳар чизе, ки инсонро аз зарар эмин медорад, онро шариат мутобиқи қоидаи ҷилавгирӣ аз зарар ҳатман тақозо менамояд».
Дар Тоҷикистон, ки дар доираи барномаи COVAX ба кишвар воксини муштараки бритониёиву шведии "AstraZeneca" кӯмак шудаааст, сару садоҳои бархоста атрофи ин воксин дар кишварҳои аврупоӣ таъсиргузор шудааст. То имрӯз танҳо хабарҳо дар бораи воксин гирифтани духтурон расонаӣ шудаасту халос.
Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани хавфи сироятёбӣ ба навъҳои дигари бемории Ковид-19 ва пешгирии мавҷҳои нави шиддатнокии ин беморӣ ваксина дарёфт намуда, дар саросари кишвар нуқтаҳои эмгузаронӣ (ваксинатсия) ташкил кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Осори пластика дар Тоҷикистон. 9 млн тонна партов дар як сол
Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста