Раёсати корҳои дохилаи Душанбе ахиран Диловар Гулов, писари 25 солаи собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералиро дар пайгарди оммавӣ гузошт. Дар ҷустуҷӯ қарор гирифтани Диловар Гулов дар ҳолест, ки баъди ҳодисае, ки ӯ дар он муттаҳам ба кордкашӣ мешавад,
Ду писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон шоми 16-уми май дар як муноқишае бо истифода аз корд дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и пойтахт гумонбар буданд.
Алишер Гулов яке аз писарони Гул Шералӣ, гуфта мешуд дар Суғд боздошт шудаву бародари ӯ Диловар Гулов то имрӯз боздошт нашудааст. Акнун Вазорати корҳои дохили ӯро сар расман ҷустуҷӯ қарор додааст.
Дар торнамои РВКД-и Душанбе омадааст, ки Гулов Диловар Шералиевич, ки исму насаби дигараш (Шерализода Диловар Шералӣ) зикр шудааст ва санаи таваллудаш 18.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, ҷӯстуҷӯй дорад. Ӯ қаблан бо ҷурми ҷинояти авбошӣ суд шудааст ва бино ба навиштаи манбаъ боз барои содир намудани ҷинояти навбатии авбошии гуруҳӣ муттаҳам аст.
РВКД Гулов Диловарро бар асоси моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар медонад ва аз рӯзи 19-уми май расман дар пайгард гузоштааст.

Бародарон Гуловҳо ба он гумонбар дониста мешаванд, ки шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и шаҳри Душанбе ба муноқиша пардохта, дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба мизоҷи тарабхона бо корд зарба задааст. Мақомоти милитсия то ба имрӯз дар бораи маҳз аз ҷониби кадоме аз бародарон бо корд зарба задан маълумоти дақиқ надодааст. Пас аз муноқиша бародарон Гуловҳо ҷойи ҳодисаро тарк кардаанд. Аммо Алишер Гулов рӯзи 17 май дар қаламрави вилояти Суғд боздоштшуда буд.
Мақомоти милитсияи Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое доранд ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД-и Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳанд. Илова бар ин шаҳрвандон метавонанд маълумоти худро ба чанд суроғаҳои электронии [email protected]интиқол диҳанд.
Дар ин эълони пулис гуфта мешавад, маълумоти шахсии нафароне, ки дар дастгир кардани Гулов Дилов мусоидат мекунанд, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста