Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад ва дарсҳо рӯзи 11-уми январ оғоз мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое бархоста, ки гӯё бар асарии зукоми мавсимӣ таътил тамдид мешавад.
Бархе аз волидон ба идораи «Азия-Плюс» тамос гирифта, дархост карданд, ки оё Вазорати маориф таътилро тамдид мекунад, чун ҳоло дар кишвар бемории зукоми мавсисмӣ хуруҷ кардааст ва барои пешгирии он ниёз ба таътил аст.
Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки тағйироте дар масъалаи тартиби оғози дарсҳо нест. Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ мегӯяд, зукоме, ки ҳоло дар Тоҷикистон гардиш мекунад, мавсимӣ буда, ҷойи нигаронӣ надорад.
Мудири Институти тиббию профилактикии Точикистон, Муродалӣ Рӯзиев низ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» иброз дошт, ки зукоми мавсимӣ, ки ҳамасола дар кишвар ба қайд гирифта мешавад, ҷойи нигаронӣ надорад.
Ин коршинос тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон бояд машвараҳои табибонро риоя намуда, ниқоб бипӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд, то дигаронро сироят накунанд.
Номбурда ҳамзамон илова намуд, ки дар Тоҷикистон мавсими аввали зуком аллакай ба охир мерасад ва мавсими дуюм аз моҳи феврал оғоз мешавад. "Ин ки зукоми феълӣ нисбат ба солҳои қаблӣ шадидтар аст ва нишонаҳои дигар дорад, асос надорад ва ин ҳамон зукоми мавсимӣ аст, ки ҳамасола дар кишвар сабти ном мешавад»,- гуфт ӯ.
Дар соли 2021 дар Тоҷикистон, ҳудуди 130 ҳазор нафар гирифторони бемории шадиди вирусии респираторӣ ба қайд гирифта шуда, зуком низ ба ин омор шомил шудааст. Теъдоди беморон нисбат ба соли қаблӣ 60 ҳазор нафар кам (дар соли 2020 беш аз 190 ҳазор нафар) буд, - гуфт Рӯзиев.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.