Ахиран раиси Кумитаи забону истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки ҳукумат тарҳи пешниҳодии миллӣ ё тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомии Артишро напазируфт. Бархеҳо инро ба маънои поёни баҳси ин тарҳи пурсарусадо дар долонҳои ҳукумат ва ҳамин тур дар ҷомеа маънидод карданд.
Аммо Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик, ки аз мубтакирони ин тарҳ буду баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомии Неруҳои Мусаллаҳро сохта буду тарҳи пешниҳодии ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша ин гуна пешниҳодҳоро ба сахтӣ қабул мекунад, аммо ин маънои даст кашидан аз ин гуна тарҳҳои миллӣ ва миллатсозиро надорад.
Ба назари ин пажуҳишгар, вақте дар оғози Истиқлол равшанфикроне чун Тоҳири Абдуҷаббор пешниҳод мекарданд, ки бояд Артиши миллӣ ва пули миллӣ дошта бошем, ниме аз ҷомеа ба по мехест. Аммо имрӯз доштани артиш ва пули миллӣ яке аз ифтихороте ҳаст, ки тамоми мардуми кишвар ба он менозад. Ҳамин тариқ он рӯз хеле дур нест, ки ин тарҳ ҳам пазируфта мешавад.
Иршод Сулаймонӣ сарнавишти тарҳи пешниҳодӣ ва ояндаи миллӣ шудану нашудани рутбаҳои низомӣ дар артишро бо Умед Ҷайҳонӣ дигарбора ба баҳс кашид.
Фикр мекунед, чаро Ҳукумат баробарҳои тоҷикии рутбаҳои низомиро напазируфт? Далели аслӣ чист?
- Далели аслии қабул нашудани дараҷаҳои низомии тоҷикиро ин медонам, ки Ҳукумат иродаи сиёсӣ барои ин корро надорад, ҳарчанд тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳо аз тасмимҳои Вазорати дифоъ аст, ки ниҳоде аз ҳамин Ҳукумат аст. Аз дигар сӯ, хуб шуд, ки сохтаҳои коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ қабул нашуданд, зеро ҳам аз нигоҳи вожасозӣ ва ҳам аз нигоҳи истилоҳгузинӣ ишколу эрод доштанд.
Тавре медонем, Шумо як тарҳи ҷомеътарро пешниҳод карда будед. Гуфта будед, ки номи ягонҳо ва дараҷаҳои низомиро аз сипоҳи Ашкониёну Сосониёну Сомониён ва бар пояи “Шоҳнома” сохтед? Ҳамчунин гуфта будед, ки ин корро ниҳодҳои интизомии мо аз Шумо хоста буданд. Пас чаро сарнавишти ин кори бисёр замонгиру заҳматталаб, норӯшан монд?
- Ман бо пешниҳоди Кумитаи забону истилоҳот узви Коргурӯҳи муштараки вожагузинӣ шуда будам, ки нуҳ намоянда аз Вазорати дифоъ низ дошт. Ман тарҳи худро, ки бо пайравӣ аз усули пайванди таърихӣ ва ҷонишинии давлатҳо ва ҳамгунсозиву стандартисозии истилоҳоти низомӣ дар миёни кишварҳои форсизабон таҳия карда будам, дар ихтиёри ин коргурӯҳ гузоштам. Аммо коргурӯҳ он тарҳро асос қарор доду худ вожаҳоеро сохту пеш ниҳод. Чунончи, ман пешниҳод карда будам, ки «отделение» бо «гурӯҳ» ва рутбаҳои сержантӣ бо «гурӯҳвар», «гурӯҳдор», «гурӯҳбон» ва «саргурӯҳбон» ҷойгузин шаванд. Аммо коргурӯҳ «отделение»-ро бо «даста» ҷойгузин карду аз он даставар, дастаёр, дастабон ва сардаста сохт, ки на бо равишҳои вожасозӣ созгоранд ва на бо равишҳои истилоҳгузинӣ. Ҳамчунин Коргурӯҳ прапоршикро бо силаҳбон ва прапоршики калонро бо сарсилаҳбон ҷойгузин кард, ки вожаҳои муносибе нестанд.
Бавижа, пешниҳоди «таҳамтан» ба ҷои «капитан» ришханд кардан ба тарҳи миллисозии дараҷаҳои низомӣ асту бас. Мардум ин сохтаҳоро ба масхара гирифт ва тарҳи тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беобрӯ шуд. Хушбахтона, Ҳукумат низ ин сохтаҳоро қабул накард ва фурсате ба даст омад, ки ҷойгузинҳои пешниҳодӣ барои дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ бознигарӣ шаванд.
Дар як суҳбати пешин, дар посух ба суоли мо дар ин бора ки, оё иродаи лозим барои миллӣ кардани баробарҳои тоҷикии истилоҳоти низомӣ вуҷуд дорад, Шумо гуфта будед, ки ин бастагӣ ба шахси раисҷумҳур дорад. Ҳоло чӣ посухе ба ин суол доред?
- Ҳамчунон бар ин боварам, ки агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, ин тарҳ бечунучаро иҷро мешавад. Дар Тоҷикистон ягона тасмимгиранда раисҷумҳур аст. Дигарон тасмимҳоро иҷро мекунанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мехонам, ки Шумо ҳануз умедвор ҳастед, ки ин тарҳ пазируфта мешавад ва ба соли оянда, 30-солагии таъсиси артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол ишора мекунед? Ин бовармандӣ ё хушбоварӣ аз куҷост?
- Ин бовар бар амалкарди Ҳукумат дар ростои иҷрои Қонуни забони давлатӣ дар ниҳодҳои кишвардорӣ бунёд ёфтааст. Чунончи, дар 30 сол дар Тоҷикистон корҳое шуданд, ки касе бовар надошт рӯзе чунон шавад, зеро мепиндоштанд, ки миллат ва давлат омода нестанд. Аммо таҷриба собит кард, ки муҳим омода будан нест, балки тасмимгирии сиёсӣ муҳим аст. Барои намуна, метавон аз тасмимгирӣ барои илзомӣ шудани корбурди забони давлатӣ дар ниҳодҳои кишвардорӣ ва номгузории миллӣ барои шаҳрвандон ёд кард.
Ба тарҳи пешниҳоди Шумо ва ҳатто ба тарҳе, ки Кумитаи забону истилоҳот сохт, тохту тозу турктозиҳо зиёд шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ Шумо баҳсҳои зиёде ба мухолифини миллисозии рутбаҳои низомӣ доштед. Фикр мекунед, чаро ин тарҳ ин қадр мухолиф дорад?
- Мухолифон ду гурӯҳанд: яке низомиён ва дигаре ғайри низомиён. Низомиён ба ин далел мухолифат мекунанд, ки ба вожаву истилоҳоти русӣ одат кардаанд. Вале ночоранд аз фармон итоъат кунанд ва агар Сарфармондеҳи Олии Нерӯҳои Мусаллаҳ фармони тоҷикисозии дараҷаҳоро бидиҳад, ҷон-ҷон гуфта онҳоро ба кор хоҳанд гирифт.
Аммо ғайри низомиён ҳеч далеле барои мухолифат надоранд. Зеро дараҷаҳои низомӣ истилоҳоти тахассусии низомиён ҳастанд, на вожаҳои умумӣ. Ин ки тоҷикисозии дараҷаҳо ҳазина дорад, далел намешавад аз он даст кашид, зеро кишвардорӣ ва артишдорӣ бе ҳазина намешавад. Ҳар барномае низомӣ, ки Ҳукумат тасвиб мекунад, ҳазинааш аз будҷаи Вазорати дифоъ пардохт мешавад. Хӯроку пӯшоки сарбозонро ҳам Вазорати дифоъ таъмин мекунад, на ман, ки бархе сарзанишам мекарданд, ки ин мушкилотро мондаву рутбасозӣ мекунам. Ин эроду сарзанишҳо далел надоранд.
Мешавад равиш ва таърихи ҷустору пажӯҳишатон барои таҳияи ин тарҳро бозгӯ кунед. Бояд ҳатман ҷолиб бошад.
- Тарҳе, ки ман таҳия кардаам, бо пайравӣ аз усули пайванди таърихӣ ва ҷонишинии давлатҳо ва ҳамгунсозиву стандартисозии истилоҳоти низомӣ дар миёни кишварҳои форсизабон таҳия шудаву ду бахш дорад: яке номгузории ягонҳои нерӯҳои мусаллаҳ ва дигаре номгузории дараҷаҳои низомӣ.
Дар бахши якум вожаҳои рада, таҳм, вашт, гурдон, ҳанг, гунд, лашкар, сипоҳ ва артиш ба тартиб ба ҷои истилоҳоти русии отделение, взвод, рота, баталион, полк, бригада, дивизия, корпус ва армия гирифта шудаанд. Аз ин миён, рада, таҳм, вашт ва гунд истилоҳоти таърихӣ ва номи ягонҳои размии сипоҳи Ашкониёну Сосониён ҳастанд. Аммо гурдон, ҳанг, лашкар, сипоҳ ва артишро аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гирифтем, ки худ аз «Шоҳнома» гирифта шудаанд. Ин истилоҳот барои нахустин бор дар улуми низомии Тоҷикистон таъриф ҳам дода шуданд.
Дар бахши дувум аз он вожаҳо барои фармондеҳони ягонҳои артишӣ, ба тартиб, дараҷаҳои размдор, таҳмдор, сарвашт, саргурд, сарҳанг, гундсолор, лашкарсолор, сипаҳсолор ва артишсолор сохта шудаанд, ки баргирифта аз истилоҳоту лақабҳо ва мансабҳои низомии сипоҳи Ашкониён, Сосониён, Сомониён ва дараҷаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳастанд ва ё аз рӯи онҳо сохта шудаанд. Истилоҳоти таърихиро аз осори куҳан ва ҷустору пажӯҳишҳои таърихнигорон ба забонҳои форсӣ, инглисӣ ва русӣ пайдо карда ва вожаҳои навро дар пайравӣ аз онҳо ва бо равишҳои вожасозии илмӣ ва истилоҳгузинӣ сохтаам.
Дар зер вирости ниҳоии ҷойгузинҳои пешниҳодии худро меоварам, ки бо виростҳои пешин тафовут дорад. Чунончи, барои дараҷаҳои сержантӣ ва прапоршикӣ ҷойгузинҳои нав пешниҳод мешаванд, ки аз «разм» ‘ҷанг, набард, пайкор’ бо равиши вандафзоӣ сохта шудаанд:
ва
Умедворам ин вожаҳо дар ояндае начандон дур расман дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба кор гирифта шаванд. Миллате, ки таърихе чандҳазорсола ва «Шоҳнома» дорад, ҳатман бояд дараҷаҳои низомии миллӣ ва шоҳномаӣ дошта бошад.
Мо ҳам ҷонибдорем. Умедворам ояндаи наздик хеле дур нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста