Таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Далери Имомалӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик ба анҷом расида, он рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба суд ирсол мешавад. Дар ин бора “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки вакилони дифои ӯ, Абдураҳмон Шарифов ва Саъдулло Қаюмзода рӯзи 15-уми сентябр ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват шуда, оид ба анҷом ёфтани парванда огоҳ карда шуданд.
Ба Далери Имомалӣ гуфтаанд, моддаи 259, қисми 1, ки дар асоси он барои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ (блогнависӣ) гумонбар аст, ба моддаи 259, қисми 2 иваз карда шудааст.
“Ба мо хабар доданд, ки тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноии Далер Бобиев (Имомалӣ) ба анҷом расидааст ва нисбати ӯ айби ниҳоӣ эълон хоҳад шуд. Худи ҳамон рӯз, дар ҳузури вакилони дифоъ дар Боздоштгоҳи муваққатии №1 (СИЗО)-и шаҳри Душанбе ба Далер Бобиев (Имомалӣ) иттилоъ дода шуд, ки дар рафти гузаронидани корҳои иловагии тафтишотӣ, маблағи даромад аз фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ (блогнависӣ), ки ӯ ба даст овардааст, метавонад барои аз қисми якум ба қисми дуюми моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳбандӣ кардани кирдори Далер Бобиев асос шавад», - гуфтааст Абдураҳмон Шарифов
Гуфта мешавад, ки акнун бо анҷоми таҳқиқи парванда Далери Имомалӣ расман бо моддаҳои 346 қисми 1 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ), 259 қисми 2 (Соҳибкории ғайриқонунӣ ) ва 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) гумонбар мешавад.
Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар медиҳад, ки “ба далели он ки наздикони Далер Бобиев (Имомалӣ) барои ҳимояи ӯ, вакили дифои пулакӣ ихтисос доданд, ТҶ “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон” ироаи кумакҳои ройгони ҳуқуқиро ба Далер ба анҷом расонид”.
Ба таъкиди ин ниҳод, Абдураҳмон Шарифов дар мурофиаҳои додгоҳии парвандаи Далер ширкат намекунад ва ӯро адвокате, ки аз ҷониби наздиконаш (Саъдулло Қаюмзода-муаллиф) ихтисос шудааст, ҳимоят хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳудуди як моҳ пештар гуфта мешуд, ки таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба суд ирсол мешавад. Он замон Абдураҳмон Шарифов, акнун вакили дифои собиқи ӯ гуфта буд, ки таҳқиқи парванда идома дорад ва он ҳоло ба суд ирсол нашудааст.
Далери Имомалӣ, блогери шинохтаи тоҷик моҳи июни соли равон бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ ва дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ боздошт гардид.
Ҳама хурсанд, ҳатто шикастхӯрда ҳам эътирозе надорад. Аввалин вокуниши роҳбарони ҳизбҳо ба натиҷаи пешакии интихобот
Додситони нави ҳарбӣ хост, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ шавад
Тағйироти кадрӣ дар сохтори додситонӣ ва додгоҳӣ. Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро ба ислоҳи камбудиҳо ва забондонӣ муваззаф кард
Деҳқонони Тоҷикистонро ба кишти пахта маҷбур мекунанд
Азсаргирии парвози мустақим ва то $500 млн расонидани гардиши мол. Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон боз аз чиҳо гуфтанд?
Рӯнамоии “Асарҳои мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ дар Украина
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 3 баробар афзуд
Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд
Дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия мекунанд
Реҷаи интиқоли барқ дар моҳи Рамазон тағйир ёфтааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста