Ҳукумати Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо мақсади дастгирии вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз низоъҳои ахири наздисарҳадӣ зарар диданд ва аъзои оилаашон кушта шуданд, кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз корвони мошинҳои пурбори кӯмакҳои башардӯстона навиштааст, ки он аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.

Гуфта мешавад, ки кӯмаки зикршуда асосан ба оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расонида шуд.

Ҳукумати вилояти Суғд дастур гирифтааст, ки кӯмакҳои башардӯстонаро саривақт ба мардум расонад.

Манбаъ гуфтааст, аз ҷониби  ҳукумати вилояти Суғд ва соҳибкорону шахсони саховатпеша низ расондани кӯмакҳои башардӯстона ба оилаҳои зарардида идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон болои Тоҷикистон, ки аз 14 то 18-уми сентбяр идома кард, 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.

Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрвандаш хабар медиҳад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз оғози низоъ ҳамдигарро барои ҳамла ва таҷовузи низомӣ ба хоки якдигар гунаҳкор мекунанд.

Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.